Дар юриши субҳи имрӯз ( панҷшанбе )и саҳюнистҳо ба Ҷанин дар Каронаи бохтарӣ 1 ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расид ва неруҳои муқовимат низ бо ишғолгарон даргир шуданд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, Ҳозим Қосим-сухангӯи Ҳамос дар вокуниш ба ҳуҷуми таҷовузкоронаи имрӯзи низомиёни саҳюнист ба шаҳри Ҷанин гуфт : Мо ба неруҳои шуҷоъи муқовимат дар Ҷанин, ки ин гуна дар муқобили ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ истодагӣ мекунанд, табрик мегӯем.
Ҳозим Қосим афзуд : Шаҳри Ҷанин то абад конуни муқовимат ва қалъаи баланди муҷоҳидон дар роҳи Фаластин боқӣ хоҳад монд ва ҳеҷ ҷинояти режим саҳюнистӣ наметавонад онро ба зонӯ даровард.
Сухангӯи Ҳамос ҳамчунин тасреҳ кард : Хуни ҷавонони фаластинӣ, ки рӯйи Замин рехта мешавад ба тақвияти рӯзафзӯни интифоза вау қиёми фаластиниҳо алайҳи режими саҳюнистӣ хоҳад анҷомид.
342/